Қарори Рустами Эмомалӣ барои пойгаи аспдавонӣ ва ихтисоси 51000 сомонӣ

 Дар шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад. Дар қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе гуфта мешавад, ин мусобиқа ба 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон бахшида мешавад. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе бар пояи қарори мазкур пойгаи аспдавонӣ соати 17:00-и 1 июл дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе шурӯъ хоҳад шуд. Рустами Эмомалӣ муовинони худ, раисони чор ноҳияи пойтахт, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо муваззаф намудааст, дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати кишоварзӣ, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. “Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба пойгаи аспдавонӣ мутобиқи сметаи хароҷотии замимагардида 51000 (панҷоҳу як ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд”,-омадааст дар қарор.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон