расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳамлаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шиддат меёбанд. Толибон* аз Ансоруллоҳ* кумак хостанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Ҳамлаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шиддат меёбанд. Толибон* аз Ансоруллоҳ* кумак хостанд


Толибон барои набард бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Бадахшон аз гурӯҳи террористии Ансоруллоҳ кумак хостаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” бо истинод ба манобеи худ дар ин вилоят хабар медиҳад.
Ба гузориши ин рӯзнома дар набарди ҳафтаи гузашта миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар минтақаи Шиваи Бадахшон, шумори зиёде аз афроди гурӯҳи террористии Ансоруллоҳ ширкат доштаанд.
“Ба гуфтаи манобеъ, чанд тан аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла Сафар, Абуталҳа, Абусаид ва Абуҷаъфар дар набардҳои ахири Толибон бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Шиваи Бадахшон кушта шудаанд”, - навиштааст рӯзномаи “8-и субҳ”.
Шива як минтақаи стратегӣ дар вулусволии Арғанҷхоҳи вилояти Бадахшони Афғонистон аст.
Ансоруллоҳ гуруҳи террористиест, ки ҷангҷӯёни он умдатан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Онҳо қаблан дар Сурияву Ироқ низ ҳузур доштанд. Тибқи иттилои расонаҳо, онҳо ҳоло асосан дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон мустақар гардида, бо Толибон ҳамкории зич доранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанд рӯзи ахир дар вилояти Бадахшони Афғонистон миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон ҷангҳои шадид идома дорад.
Ахиран, дар ин ҷангҳо Абдулҳамид Муҷоҳид, яке аз фармондеҳони пешини Толибон дар Бадахшон, ки бо нерӯ ва ҷангафзорҳояш ба Ҷабҳаи муқовамати миллӣ пайваст, дар мавзеи Танг Шиви вулусволии Мойми вилояти Бадахшони Афғонистон кушта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Толибон бо имзои тавофуқнома бо ҳукумати Амрико дар шаҳри Давҳаи Қатар ва ҳамин тавр, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳон ваъда дода буданд, ки аз ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористӣ худдорӣ мекунанд, аммо тавре мушоҳидаҳои як соли ҳукматронии онҳо собит сохт, ин гуруҳи террористӣ ба ҳеҷ ваҷҳ иртиботи худро бо гуруҳҳои террористӣ қатъ накардааст. Ҳузур ва куштори Айман аз-Завоҳирӣ, роҳбари хатарноктарин гуруҳи террористӣ “Ал-Қоида” дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобуд гувоҳи ҳамкории танготанги Толибон бо созмонҳои террористӣ мебошад.
*Дар Тоҷикистонгурӯҳитеррористӣэътирофшудааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.