расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Баҳси ҳимоя аз офатҳо дар Душанбе

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Баҳси ҳимоя аз офатҳо дар Душанбе

Сарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таҳкими устувории минтақавиро алайҳи ҳаводиси табиӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Бар асоси иттилои расмӣ, мулоқот рӯзи 6 октябр бо ҳузури намояндагон аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва созмону ташкилотҳои минтақаиву ҷаҳонӣ доир мешавад.

Дар доираи ин ҳамоиши мизҳои гирду нишастҳо низ доир гашта, дурнамои идоракунии хатари офатҳои табиӣ ва маблағгузорӣ дар Осиёи Марказӣ баҳс мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ осебпазир арзёбӣ гардида, ҳамасола ҳаводиси табиӣ талафоти ҷонию молӣ дар пай доранд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, Рустам Назарзода ахиран гуфт, дар давоми 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 606 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст.

Раиси КҲФ-и кишвар таъкид кард, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи ӯ ҳамчунин, 88 бинои истиқоматӣ, 179 бинои ёрирасон, як мактабу кӯдакистон, 17 пул, 107 гектар замини корам, 298 километр роҳ осеб дидааст.

Маблағи хисороти расида аз офатҳои табиӣ, ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар шаш моҳ 15 млн сомониро ташкил додааст.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.