расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шикасти Толибон дар Нуристон. Мардум қиём мекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Шикасти Толибон дар Нуристон. Мардум қиём мекунанд


Толибон пас аз вулусволии Мандули вилояти Нуристон, 
назорати вулусволии Дуоби ин вилоятро низ аз даст додаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” бо такя ба манобеъи маҳаллӣ аз вилоят Нуристон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, 29-уми сентябр, бошандагони Дуоб дар эътироз ба қатли Баҳромуддин Нуристонӣ, фармондеҳи пешини низомӣ, ба маркази ин вулусволӣ ҳуҷум овардаанд.
“Масъулони маҳаллии Толибон идораи вулусволии Дуобро тарк карда ва ҳамчунон шуморе аз ҷангҷуёни онон ба ҷамъи мӯътаризон пайвастаанд”, - навиштааст рӯзнома.
Манбаъ афзудааст, ки беш аз ҳазор нафар аз ҳаводорони ин фармондеҳи пешини низомӣ, аз ҷойҳои мухталиф дар вулусволии Дуоб таҷаммӯъ кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки имрӯз, сокинони вулусволии Мандул низ ба далели тирборон шудани Баҳромуддин Нуристонӣ, қумандони амнияи вулусволии Мандул дар ҳукумати пешин аз сӯи Толибон, назорати идораи ин вулусволиро дар даст гирифтаанд.
Гуфта мешавад дар ин вулусволӣ беш аз 3 ҳазор нафар бар зидди Толибон ба по хестаанд.
Ба иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Толибон ду рӯз пеш Баҳромуддин Нуристониро ба баҳонаи тавзеъи кумак ба Лағмон даъват ва пас аз шиканҷа, тирборон карданд.
Бояд гуфт, ки то кунун гурӯҳи Толибон дар мавриди ин рӯйдодҳо изҳор назар накардааст.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/world/20221003/shikasti-tolibon-dar-nuriston-mardum-iyom-mekunand


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.