расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар вилояти Хатлон нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ барои истифода омода шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Дар вилояти Хатлон нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ барои истифода омода шуд

 
Дар ноҳияи Ҷалолуддин Балхии вилояти Хатлон рӯзи 1 сентябр маросими супурдани нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолие, ки аз офатҳои табиӣ осеб дида метавонанд, баргузор шуд. Нуқта дар қаламрави  яке аз воҳидҳои КҲФ дар ҳамин ноҳияҷойгир аст.
Тавре ки маркази матбуоти Куитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин урдугоҳ дар доираи ҳамкориҳои КҲФ бо шарикони байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ сохта шудааст.
Роҳбари Кумита Рустам Назарзода ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки тамоми талошҳои ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба аҳолии ниёзманд равона карда шудааст.
Дар навбати худ намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ изҳор доштанд, ки дар оянда низ барои таҳкими зарфиятҳои Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Паноҳгоҳ барои наздики 100 оилае пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ аз ҷову макони худ маҳрум шудаанд. Он алҳол бо хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб, оби нӯшокӣ, қувваи барқ, душ ва ҳоҷатхонаву дигар воситаҳои барои рӯзгузаронӣ зарур таъмин мебошад.
Дар маросими ба истифода омода кардани он Сарвари Намояндагии Комиссариёии олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди, ҷонишини Сарвари Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон хонум Зайнаб-ал-Зави, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Сарвари Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар ҶТ ҷаноби Адҳам Мусаллам ва дигарон иштирок доштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.