расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эрон ва Русия созишномаи ҳамкориро баррасӣ карданд

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Эрон ва Русия созишномаи ҳамкориро баррасӣ карданд

Вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, , гуфт, ки музокирот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ба хубӣ гузашта, дар бораи тавофуқи ҷадиди равобити Теҳрону Маскав табодули назар кардаанд.

"Мо бо ҷаноби Лавров гуфтугӯҳои хубе доштем, мо масъалаҳои мухталифи рӯзномаи дуҷониба, минтақаӣ ва ҳамчунин рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ кардем", - менависад РИА "Новости" аз қавли Абдуллоҳиён.

Ӯ афзуд, ки дар музокирот ба масъалаи бастани созишнома дар бораи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи дарозмуддат ва стратегӣ аҳамияти калон дода шуд.

"Мо андешаҳои ҳамкасбонамонро аз Вазорати корҳои хориҷии Русия ва ҳамчунин аз дигар идораҳои Русия дарёфт кардем. Умедворем, ки ба зудӣ мо метавонем ҷаласаи коршиносонро доир кунем, то муҳтавои ин созишномаро баррасӣ ва тавсиби онро дар порлумон роҳандозӣ намоем”, - афзуд ӯ.

Ёдрас мешавем, ки қаблан дар шаҳри Маскав ҳамоиши бузурги тиҷоратии Эрону Русия бо ҳузури намояндагони беш аз 350 ширкати эронӣ ва русӣ баргузор шуда буд.

Дар идомаи ин ҳамоиш намояндагони 70 ширкати эронӣ ва 300 ширкати русӣ дар 9 бахши мухталиф, аз ҷумла саноат, фанноварӣ, соҳаи нафту кимиё, дору, саноати ғизоӣ ва ғайра ба сурати рӯ дар рӯ бо якдигар ҷаласаҳои тиҷорӣ баргузор карданд ва ба музокира пардохтанд.

Ин дар ҳолест, Русия ва Эрон созиш карданд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.


Дар ин бора ноиби сарвазири Русия Александр Новак гуфт, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии "Шитоб" - "Shetab" ва "Мир" баррасӣ шудааст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.