расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » "Кушта" шудани 2 нафар дар шаҳри Хоруғ зимни амалиёт: шарҳи мақомот

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҷомеа / Ҳаводис

"Кушта" шудани 2 нафар дар шаҳри Хоруғ зимни амалиёт: шарҳи мақомот

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нобудсозии 2 сокини шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар узвият ба гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ-террористӣ муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои ситод, амалиёти мазкур 12-уми июн, гузаронда шуд ва ин ду нафар яке бо 11 банди Кодекси ҷиноӣ ва дуюмӣ бо 8 банд гумонбар будаанд.

Ҳамин тавр, онҳо аз ҷумла дар терроризму куштор, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ муттаҳам шудаанд.

Мақомот мегӯяд, онҳо борҳо барои пешбурди тафтишот ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ расман даъват шуданд, амо ҳар дафъа барқасдона аз иҷрои талаботи қонунии органҳои маъмурӣ саркашӣ мекарданд.

Мақомот аз афроди кушташуда саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ-террористӣ ном бурда, таъкид намудааст, ки ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд.

"Ҳангоми чорабинии дастгиркунӣ онҳо ба талаботи воҳидоти таъйиноти махсус, дар бораи ихтиёран супоридани худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз норинҷакҳои дастии Ф-1 ва автомати Калашников, истифода намуданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонида шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин зикр шудааст, ки дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 10 нафар алоқаҳои ҷиноятии онҳо дастгир карда шуд.

Мақомот мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз онҳо 2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим Шерзамонов — 1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.

Манбаъ афзуда, ки тафтишот нисбат ба парвандаҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят идома дорад.

Пештар дар ВМКБ се нафари муттаҳам ба фаъолиятҳои ҷиноӣ боздошт шуданд.


Ин дар ҳолест, ки 18 май низ мақомоти Тоҷикистон аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон хабар дода буданд, ки бар асари он расман 8 сокини ноҳия кушта шуданд. Мақомот аз кушташудагон аъзои гуруҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст.

Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 низомӣ ҷароҳат бардошт.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.