расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Собиқ кишвардори Афғонистон бо сафири Русия чиро баррасӣ кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Собиқ кишвардори Афғонистон бо сафири Русия чиро баррасӣ кард


Ҳомид Карзай бо вуҷуди ба сари қудрат омадани толибон ҳамоно як чеҳраи саршинос дар арсаи сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисиҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов мулоқот кард. Дар ин бора Карзай рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттер хабар дод.
"Рӯзи чаҳоршанбе раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай дар сафорати Русия бо Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон дидор кард. Дар ин дидор вазъи кунунии Афғонистон ва ҳамчунин масоили таҳкими бештари равобити ду кишвар баррасӣ шуд", - навиштааст ӯ.
Карзай бо вуҷуди ба қудрат расидани толибон ҳамоно як чеҳраи саршинос дар арсаи сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад ва давра ба давра бо раиси намояндагии дипломатии Русия ва дипломатҳои кишварҳои дигар дар Кобул мулоқот мекунад.

Толибон баъди эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз онҷо дар баҳори соли 2021 амалиёти густурда барои истиқрори назорат бар Афғонистонро оғоз карданд.
Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи 6 сентябр аз таъсиси назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон хабар доданд.
Рӯзи 7 сентябр толибон ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол қонунияти он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.
Ёдовар мешавем. ки қаблан Карзай ба расонаҳо изҳор дошт, ки толибон ба ӯ ва раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ хуруҷ аз кишварро мамнӯъ кардаанд.
Зимнан, бархе аз аъзои толибон низ таъйид карданд, ки Карзай ва Абдуллоҳ ҳаққи тарки Афғонистонро надоранд. Толибон то ҳол сабаби ин иқдомро шарҳ надодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.