расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сӯхтори мудҳиш дар бинои истиқоматӣ дар Митиши чанд куштаю захмӣ бар ҷой гузошт - видео

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Сӯхтори мудҳиш дар бинои истиқоматӣ дар Митиши чанд куштаю захмӣ бар ҷой гузошт - видео

Дар Митишии Маскав бинои 9-ошёна оташ гирифт. Дар ин бора губернатори вилояти назди Маскав Андрей Воробёв дар шабакаи Telegramm-и худ хабар дод.

Ӯ қайд кард, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш 3 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар аз оксиди карбон заҳролуд шудаанд.

"Ҳоло сӯхтор хомӯш карда мешавад, хадамоти махсус дар ҷои ҳодиса кор мекунанд. Мутаассифона, кушташудагон ва захмиён, аз ҷумла бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ низ ҳастанд", — навиштааст Воробёв.

Губернатор ба шӯъбаи тандурустӣ дастур дод, ки расонидани ёрии тиббиро ба сокинони хона, ки сари вақт эвакуатсия карда шудаанд, назорат кунанд.

"Ҳозир вазифаи роҳбар ин аст, ки мардумро бароҳат ҷою ғизо диҳанд, дастгирии равонӣ кунанд ва дар ҳолати зарурӣ бо ҳуҷҷатҳо кумак намоянд", - афзуд ӯ.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.