расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ширкати “Ориёно” парвозҳои Кобул - Маскавро оғоз кард

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Ширкати “Ориёно” парвозҳои Кобул - Маскавро оғоз кард

Парвозҳои Кобул - Маскав наздик ба як сол мутаваққиф буданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "TOLOnews".

Имомуддин Аҳмадӣ, сухангӯи Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии ин кишвар гуфтааст, "парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Ориёно” ба Маскав дар давраи ҳукумати қаблӣ мушкилоте доштанд ва ба ҳамин далел мутаваққиф шуда буданд”.

“Акнун ин ширкати ҳавоӣ ҳар ҳафта, рӯзи душанбе ба самти Маскав парвоз хоҳад дошт", - гуфт оқои Аҳмадӣ.

Дар ҳамин ҳол бархе аз ширкатҳои сайёҳатӣ аз камранг шудани фаъолияташон шикоят мекунанд. Ин ширкатҳо азсаргирии парвозҳои Кобул - Маскавро муфид медонанд.

Бархе аз иқтисоддонҳо бар ин назаранд, ки азсаргирии парвозҳои ширкати “Ориёно” ба Маскав роҳҳои транзитӣ ва тиҷоратии ин кишварро боз менамояд.

Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз фурудгоҳи Кобул ҳамарӯза беш аз 20 парвози дохилӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад.

Ба иттилои ин ниҳоди давлатии Афғонистон, аз 20 парвоз се парвозаш дохилӣ ва боқимонда ба самти Туркия, Қатар, Эрон, Покистон ва Чин мебошанд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.