расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Саҳфаи русии бухши тоҷикии Радиои "Озодӣ" дар Русия масдуд шудааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Саҳфаи русии бухши тоҷикии Радиои "Озодӣ" дар Русия масдуд шудааст


Роскомнадзор - идораи назораткунанда бар расонаҳо дар Русия дастрасӣ ба сомонаи русии бахши тоҷикии Радиои Озодиро маҳдуд кардааст.
Ҳамчунин сомонаи русии бахши туркманӣ ва қазоқии Радиои Озодӣ низ дар феҳрасти сомонаҳои мамнуи Роскомнадзор қарор гирифтааст. Дар ин бора Mediazona, як нашрияи мустақили Русия бо такя ба Роскомнадзор хабар додааст.
Фармони маҳуд кардани дастрасӣ ба се сомонаи русизабони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми март содир шудааст.
Пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина мақомоти рус фишор болои матбуоти мустақилро бештар карданд, ки ин боиси аз кор мондани чандин расонаҳо дар ин кишвар шуд.
Аз ҷумла, Mediazona низ дар Русия баста аст ва расонаҳои маъруфе мисли ББС, Ню Йорк Таймз кор дар ин кишварро қатъ карданд.
Аз ин пеш, Русия бахшҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар рӯйхати “агенти хориҷӣ” ҷой дода, маҷбур карда буд, ки дар ҳар матлабаш ба "агенти хориҷӣ" будан таъкид кунад. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ инро қабул накард ва пас аз оғози ҷанги Русия бо Укроин кор дар ин кишварро қатъ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.