расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК ЯК МАРЗБОНИ ҚИРҒИЗРО ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК ЯК МАРЗБОНИ ҚИРҒИЗРО ЛАТТУКӮБ КАРДААНД


Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ки марзбонони тоҷик рӯзи 19 марти соли 2022 як марзбони қирғизро латтукӯб кардаанж. Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ин хабарро то ҳол шарҳ надодааст, вале маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, рӯзи 19 март як сарбози воҳиди марзбонии Лайлау дар мавзеи Садаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд як мошини ношиносро дар назди хатти сарзад дида, барои боздошти он ба минтақае, ки марзбонҳои тоҷик аз воҳиди марзбонии Ғончӣ навбатдорӣ мекарданд, гузаштааст.
Марзбонҳои тоҷик сарбози қирғизро дастгир кардаанд. Ба дунбол, музокироти намояндагони марзбонии воҳидҳои марзбонии Лайлаку Ғончӣ сурат гирифтаа, дар натиҷаи он марзхбони дастгиршударо ба ҷониби Қирғизистон супурдаанд.
 “Ҳангоми муоина маълум шуд, ки сари ӯро кафондаанд, дар баданаш варамҳо дида мешаванд ва либосаш хунолуд шудааст. Ба гуфтаи сарбоз, байни ӯ ва марзбонҳои тоҷик занозанӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир, вазъи саломатии сарбоз муътадил арзёбӣ мешавад, ӯ дар шароити статсионӣ таҳти табобат қарор дорад”, – гуфта мешавад дар хабар.
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.
Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Дар поёни моҳи январи соли 2022 дар як муноқишаи дигари мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.
Ҳамин тавр, шаби 11 март дар як тирпарронии дигар дар марзи Чоркӯҳ бо Бодканд марзбони тоҷик Суннатулло Самадов кушта шуда, ду марзбони дигар ва чанд сокини Чоркӯҳ захмӣ шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.