расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Силоҳи НАТО дар Афғонистон ба ноором кардани минтақа идома медиҳад

Сиёсат / Ҷаҳон

Силоҳи НАТО дар Афғонистон ба ноором кардани минтақа идома медиҳад

«Содирот"-и аслиҳа дар якҷоягӣ бо паҳншавии терроризм ба тамоми кишварҳои ҳамсоя таҳдид мекунад

Дар давоми шаш моҳи пас аз ба дасти толибон расидани қудрат дар Афғонистон шиддати даргириҳо коҳиш ёфт, аммо хушунатҳои мусаллаҳона, қочоқи маводи мухаддир ва тиҷорати аслиҳаи Амрико, зарфиятҳои харобиовари чанд созмони террористӣ боқӣ мондаанд.

Муқовимати мардум бо толибон меафзояд, дар ин кишвар дурнамои ҳалли осоиштаи мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ вуҷуд надорад.

Вазири корҳои дохилии Покистон Рашид Аҳмад рӯзи шанбеи гузашта гуфт, толибони покистонӣ дар Афғонистон силоҳҳои НАТО-ро ба даст меоранд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз қаламрави Афғонистон вориди Покистон шуда, масалан, ба вилояти Балучистон ҳамла мекунанд ва бармегарданд.

Намояндаи толибони Афғонистон Билол Каримӣ ин хабарро рад кард.

Бо вуҷуди ин дар гардиши сояи арсенали азим, ки амрикоиҳо ҳангоми фирор аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар он ҷо партофта буданд, ҳич тааҷҷубе надорад.

«Содирот"-и аслиҳа дар якҷоягӣ бо паҳншавии терроризм ба тамоми кишварҳои ҳамсоя таҳдид мекунад. Шумораи «ҳуҷайраҳои хуфта"-и гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро дар Осиёи Марказӣ афзоиш меёбад.

Қаблан Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон гуфта буд: «Баъзе расонаҳо аз қавли мақомоти Русия гуфтаанд, ки афғонҳо дар ошӯбҳои Қазоқистон даст доранд. Мо ин иддаоро комилан рад мекунем.» Вай афзуд, толибон «ба касе иҷоза намедиҳад, ки қаламрави Афғонистонро бар зарари ягон кишвари дигар истифода баранд».

Аммо на мақомоти Русия, балки раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев комилан дақиқ ва расман изҳор дошт, ки як амали муташаккили таҷовуз алайҳи Қазоқистон бо иштироки ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла афғонҳо сурат гирифтааст. Албатта, чунин сенарияҳо дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон низ имконпазир аст.

Мушовири амнияти миллии Покистон Моид Юсуф дар авохири моҳи январ иқрор шуд, ки Исломобод ҳангоми ба қудрат расидани толибон дар кишвари ҳамсоя «он қадар хушбин набуд».

Аммо то чӣ андоза ҳамааш дар соли 1994 хуб оғоз шуд ва он ҳам дар Покистон. Имрӯз «донишҷӯён» аз ғамхории «муаллимон» дур монда, барои Исломобод мушкилот пеш меоранд, фаъолияти гурӯҳҳои террористии рақиб дар Афғонистонро зери назорат намегиранд.

Воқеан, тибқи натоиҷи тафтишоти ахири Пентагон, дар моҳи августи соли 2021 дар наздикии фурудгоҳи Кобул 13 сарбози амрикоӣ ва 170 афғон (бо маводи таркандаи пластикии НАТО бо тӯбҳои металлӣ) танҳо аз ҷониби як бомбгузори маргталаби ДИ кушта шуданд.

Ва кам одамон дар ёд доранд, ки маҳз толибон дар соли 2005 ба истифода аз бомбгузорони маргталаб дар Афғонистон шуруъ карданд. Чӣ чизе метавонад бо ин мухолифат кунад?

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.