расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » БОЗДОШТИ СОҲИБИ МАҒОЗАИ “ҶИЛО” БО 12 КИЛО ТИЛЛОВОРӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ СОҲИБИ МАҒОЗАИ “ҶИЛО” БО 12 КИЛО ТИЛЛОВОРӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ


Гулнора Турсунбоева, маъруф бо номи “Гуля”, соҳибмулки силсилаи мағозаҳои тилловории “Ҷило”, рӯзи 24 январ ҳангоми боздошташ аз Истанбули Туркия дар фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми  ба таври қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид кардани 12 кило ороишоти тиллоӣ ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллар  дастгир шудааст. Ин хабарро се манбаи гуногун, аз ҷумла тиллофурӯшони бозори “Корвон”, як манбаъ дар фурудгоҳ ва яке аз наздикони худи Гулнора Турсунбоева рӯзи 25 январ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд.
Гулнора Турсунбоева баъди он ки бо фурудгоҳи “Туркиш ҳаво йӯлларӣ” баргашта, бидуни ягон мушкил аз фурудгоҳ баромад, ҳангоми ба мошин нишастанаш дар таваққуфгоҳи назди фурудгоҳ боздошт шудааст. “Ҳамон ҷо бори ӯро тафтиш карда, аз дарунаш 12 кило маснуоти тиллоиро ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллар пайдо кардаанд. То ҷое шунидем, Гулнора ин бори аз Туркия овардаашро бидуни пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ворид кардааст”, - нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Як манбаи дигар аз фурудгоҳ гуфт, “гумон меравад, ки дар қочоқи чунин миқдори бузурги ороишоти тиллоӣ ба ин зани тиллофурӯш кормандони гумруки фурудгоҳ ҳамдастӣ кардаанд, вагарна бидуни мусоидати онҳо даровардани чунин миқдори бузурги тилловори қочоқӣ аслан имкон надошт. Маҳз ҳамин шариконаш зани тиллофурӯшро аз тариқи СИП-зал бидуни ягон тафтиши бағочаш аз фурудгоҳ берун баровардаанд.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.