расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » 10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОҲИБИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “ДӮСТӢ”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ СОҲИБИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “ДӮСТӢ”


Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки Абдуҷаббор Баҳриддинзода, соҳибмулки маркази дилхушии “Дӯстӣ” барои вайрон кардани реҷаи корӣ  ва халалдор гаштани осоиштаҳолию оромии шаҳрвандон ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд.
“Мутаассифона, ҳанӯз ҳам баъзе аз соҳибмулкони марказҳои дилхушӣ ва фароғатӣ бо мақсади ба даст овардани даромади иловагӣ берун аз вақти муқарраргардида фаъолият мекунанд, ки боиси халалдор гаштани оромиву осоиштагии шабонаи шаҳрвандон гардидааст. Аз ҷумла шаҳрванд Баҳриддинзода Абдуҷаббор Баҳриддин, санаи таваллудаш 07.08.1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, соҳибмулки маркази дилхушии «Дӯстӣ», воқеъ дар кӯчаи А.Ҷомии ноҳияи Сино, новобаста аз он ки барои иҷрои реҷаи кори расман огоҳонида шуда буд, берун аз соати муқарраргашта реҷаи кориро вайрон намуда, ба хизматрасонӣ машғул шудааст”,  гуфта мешавад дар хабар.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Баҳриддинзода Абдуҷаббор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
Вақтҳои охир шикоятҳо аз фаъолияти марказҳои дилхушӣ ё клубҳои шабона дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон хеле зиёд шудааст. Сокинон аз он шикоят мекунанд, ки аз ин клубҳои шабона аз шаб то саҳар садои баланди мусиқӣ садо медиҳад, гоҳо ҷанҷолу занозаниҳо ҳам сурат мегиранд ва дар натиҷа, онҳое, ки дар атрофи ин клубҳо зиндагӣ мекунанд, наметавонанд ором хоб бираванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.