расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Тағйироти кадрӣ: Раҳмон 10 додрас ва 13 додситони шаҳру навоҳиро таъйину барканор кард

. / Президент

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон 10 додрас ва 13 додситони шаҳру навоҳиро таъйину барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар чанд ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар тағйироти кадрӣ ба вуҷуд овард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо кадрҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот — суд, прокуратура, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳури кишвар.

Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон раисони суди ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, раисони суди шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раиси суди ноҳияи Лахш ва судяҳои як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз мақомашон барканор шудаанд.

Сабаби барканории додрасҳо, ба анҷом расидани мӯҳлати ваколати дар вазифаи судя будан аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хизматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъултар таъин гардиданд, афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон президент дар мақомоти Прокуратура низ тағироти кадрӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, прокуророни ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва дорои маҳорати роҳбарӣ таъин гардиданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.