расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Падари Мадина: "Пайвандони Парвизро хуб дарк мекунам, вале ман ҳам аз фарзандам ҳимоят хоҳам кард" ВИДЕО

Асосӣ / Ҷомеа

Падари Мадина: "Пайвандони Парвизро хуб дарк мекунам, вале ман ҳам аз фарзандам ҳимоят хоҳам кард" ВИДЕО


Амон Қаробоев, падари Мадина Муҳаммадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар ҳоли беҳушӣ (кома) дар шифохонаи «Қарияи Боло"-и Душанбе бистарист, мехоҳад, шахсони гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Муҳаммадҷоноваро 26-уми августи имсол бо нишонаҳои шиканҷа дар шифохона хобонданд.

Бо гумони даст доштан дар латукӯби ӯ, зану шавҳар, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатова, дастгир шудаанд. Боздошти онҳо 1-уми ноябр ва пас аз муроҷиати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт. Пайвандони Азиза Давлатова то кунун дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд. Падари Парвиз Давлатов иддао дорад, ки писараш бегуноҳ аст.

Амон Қаробоев, падари Мадина Муҳаммадҷонова, мегӯяд, ҳангоми хурд будани духтараш аз модари ӯ ҷудо шуда, ба Русия рафта буд ва дар онҷо ҳамчун соҳибкор фаъолият дорад. Вай гуфт, мусибатеро, ки ба сари духтараш омадааст, 6-уми сентябри имсол телефонӣ аз ҳамсари пешинааш фаҳмид ва 10-уми сентябр ба Душанбе омад. Ба гуфтааш, давоми ду ҳафта аз ҳоли духтараш дар беморхона огоҳ шуда, бо чанд нафари дигар суҳбат дошт.

Мадина Муҳаммадҷоноваи 32-сола, модари як фарзанд, рӯзи 25-уми августи имсол аз назди хонааш нопадид шуд ва шаби 26-уми август дар ҳолати беҳушӣ ва нишонаҳои шиканҷа дар шуъбаи эҳёи маркази «Маҳаллаи Шифобахш» ё бемористони «Қарияи Боло» бистарӣ шуд.

Танҳо баъд аз баҳс ва муроҷиати фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомот ба қазияи зоҳиран қассосгирии ҳамсар аз маъшуқаи шавҳар таваҷҷуҳ карданд. Додситонӣ рӯзи 1-уми ноябр гуфт, ки ду гумонбар — ҳамсарон Азизаву Парвиз (Лутфулло) Давлатовҳоро боздошт намуд.
Азиза Давлатоваро бар асоси «сӯиқасд ба куштор» ва ҳамсарашро аз рӯи моддаи «азобу уқубат"-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашиданд. Мояи асосии хашму норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ ин шуд, ки муфаттишон даҳ рӯз баъди фоҷеа ба наздикони Муҳаммадҷонова гуфтаанд, гумонбари асосӣ, Азиза Давлатова, «афв шудааст» ва ин қазия таҳқиқ нахоҳад шуд.

Парвиз (Лутфулло) Давлатов 47 сол дошта, падари ду фарзанд аст ва ба ҳайси масъули ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» кор мекунад. Назари ҳамсарон Давлатовҳо ба қазия маълум нест.

Ҳаёти Мадина

Амон Қаробоев мегӯяд, Мадина танҳо фарзанди ӯ аз издивоҷи аввалааш аст. Ба нақли ӯ, бар асоси созиш бо модари Мадина, ба духтараш хонаеро дар Душанбе тақдим карда буд ва Мадина ҳам рӯзи фоҷеа аз ҳамин хона берун рафта, нопадид шуд. Ба гуфтаи падар, Мадина хеле ҷавон арӯсӣ карда, насаби шавҳарашро гирифт ва аз ин издивоҷ, ки ба гуфтаи падар, пур аз мушкил буд, як духтари 11-сола дорад.

Қаробоев мегӯяд, дар бораи робитаҳои духтараш бо Парвиз Давлатов, ки аз рӯйи гуфтаҳои модари Мадина ду соли охир идома доштааст, танҳо баъди фоҷеа огоҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, зоҳиран Мадина дарк мекард, ки падараш мухолифи муносибатҳои ӯ бо марди соҳиби оила мешуд, аз ин рӯ, робитаҳоро хеле маҳдуд карда, дар бораи ҷузъиёти зиндагии шахсиаш намезад.

Ба иттилои падар, Мадина хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе буда, то тобистони имсол ҳамчун муҳосиб (бухгалтер) дар ширкати «Мегафон-Тоҷикистон» кор кардааст. Ба гуфтаи падар, ки ба нақли модари Мадина такя мекунад, ӯро тобистон «Парвиз бо талаби ҳамсараш аз кор ронд ва Мадина бекор буду манбаи даромад надошт».

Ӯ иддао кард, ки домоди собиқаш дар пардохти алимент ба фарзандаш таъхир мекард ва, аз ин рӯ, Мадина ба пул эҳтиёҷ дошт.

Амон Қаробоев иддао кард, дар Душанбе санадҳоеро дидааст, ки зоҳиран Мадина бар асоси барномаи «Переселение» дар вилояти Самара соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст. Вай ба нақл аз ҳамсари пешинааш гуфт, «Мадина бо роҳнамоии Давлатов ба шаҳрвандии Русия даст ёфт». Ба иддаои падар, худи Давлатову оилааш ҳам аз рӯи ҳамин барнома дар Самара ҳаққи иқомат гирифта буданд. Санҷидани дурустии ин иддао феълан имкон надорад.

«Зани ҷавону зебо буд, ҳоло…»

Дар ҳоле ки модари Мадина Муҳаммадҷонова суҳбат бо матбуотро қотеона рад мекунад, Амон Қаробоев бо такя ба ҳарфҳои ҳамсари собиқаш рӯзи 3-юми ноябр гуфт: «Вақте ба Душанбе расидам, модари Мадина гуфт, ки ӯ дар амал, тавре дар Тоҷикистон мегӯянд, зани дуюм буд, вале дар фаҳмиши ман ӯ маъшуқа буд. Ӯ маъшуқаи Парвиз Давлатов буд. Дар бораи ин ҳама ҷузъиёт хабар надоштам. Модари Мадина ҷузъиёти зиндагии шахсии ӯро аз ман пинҳон медошт… Баъд ӯ гуфт, ки Мадина 25-уми август нопадид шуд ва Парвиз шаби дер ӯро ба „Қарияи Боло“ бурд. Парвиз ба модари Мадина телефон карда гуфтааст, ки ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ аст.»

Ба нақли падари Мадина, ӯ субҳи 10-уми сентябр ба дидани духтараш ба бемористон рафт, аммо ба ҷои як зани ҷавони зебову шукуфон шахсеро дид, ки «беҳуш хоб буд ва гоҳ-гоҳе аз дард ва ҳолати нофаҳмо дод мезад.»


Суолҳои беҷавоб ба Парвиз Давлатов

«Ман дар беморхона бо Парвиз Давлатов суҳбат кардам. Аз ӯ пурсидам, ки ба ӯ чунин муносибат чӣ лозим буд? Чаро вақте ба назди ӯ ду зани бо ҳам дар ҳоли ҷанг рафтанд, амнияти Мадинаро таъмин накард? Чаро ду тарафи низоъро аз ҳам ҷудо накард? Чаро ба ӯ иҷоза дод, ки ба мошини Азиза Давлатова нишинад ва ӯро ба самти номаълум барад?.. Ба ҳамаи ин суолҳо ӯ посухе надошт. Ҳамин тавр хомӯш буд», — нақл кард ӯ.

Қаробоев бо такя ба нақли модари Мадина гуфт: «Дар он рӯзи наҳси 25-уми август Парвиз Давлатов дар хонаи Мадина будааст. Азиза Давлатова бар асоси геолокатсия макони будубоши шавҳарашро фаҳмида, ба назди хонаи Мадина меравад. Байнашон баҳс сар мезанад. Ду зан ба мошин нишаста, ба назди Парвиз рафтаанд. Куҷо рафтанд, намедонам. Онҳо аз Парвиз талаб карданд, ки якеро интихоб кунад. Парвиз гуё ҳардуро пеш кардааст.»

Ба иддаои падар, гуё баъди фоҷиа, «Давлатов, ки калиди хонаи Мадинаро дар даст дошт, борҳо ба хонаи ӯ даромада, чизҳои худро аз он ҷо берун бурдааст ва инчунин телефони мобилии ӯро гирифта, баъди як ҳафта танҳо симкортро ба модараш додааст.» Санҷидани дурустии ин иддао имкон надорад, маълум нест, ки оё тафтишот ҳам ба ин ҷузъиёт таваҷҷуҳ хоҳад кард ё на. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъди нашри изҳороти боздошти ҳамсарони Давлатовҳо то ҳол дигар дар бораи ин қазия изҳори назар накардаанд.

«Падари Парвизро дарк мекунам, вале…»

Амон Қаробоев мегӯяд, дар Радиои Озодӣ назари падари Лутфулло Давлатовро хонда, ӯро дуруст дарк мекунад. Ӯ мегӯяд, ӯ ҳам падар аст ва фарзанди худро ҳимоят мекунад, вале ман ҳам аз фарзандам дифоъ мекунам ва ин парвандаро то охир мерасонам.

Рӯзи 2-юми ноябр Давлаталӣ Давлатзода, ки дар гузашта дар мансаби муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили порлумон кор кардааст, гуфт, ба эътимоди ӯ на писараш, балки арӯси хонавода, Азиза Давлатова, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад. Ӯ гуфт, «лекин барои чӣ Парвизро гунаҳкор карда истодаанд, ҳеч намефаҳмам.»

Ин дар ҳоле буд, ки дар бораи то куҷо дар шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова нақш доштани Давлатов то ҳол иттилои расмӣ дар даст нест. Давлатзода гуфт: «Аввал ин ки Парвиз дар он моҷаро ширкат надошт. Вай дар Душанбе буд. Ҳодиса берун аз шаҳр рӯй додааст. Аз рӯйи таблограммаи телефонаш ин чиз маълум аст ва Парвиз ҳуҷҷатҳоро ба муфаттишон пешниҳод кардааст.»

Амон Қаробоев мегӯяд, Лутфулло Давлатов, ки «мард асту аз духтари ман 15 сол бузургтар аст, бояд масъулият дошта бошад». Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо хосташ ин аст, ки адолат тантана кунад ва озордиҳандагони Мадина аз рӯи қонун ҷазо бинанд.

«Мехостам, ки духтарам дубора онгуна шавад, ки дар ёди ман мондааст, онгуна, ки ӯро дида будаму дар ёдам мондааст. Кош ин фоҷеа рух намедод. Мехостам, ки набераам модар медошту ҳардуяшон пешам меомаданд ва барои тамоми умр ин ҷо мемонданд. Кош онҳо ҳеҷ гоҳ дигар ҳеҷ гоҳ ҳеҷ як Лутфуллоро дар зиндагиашон вонахӯранд ва рӯзе, ки ба сари онҳо омад, ҳеҷ гоҳ намеомад».

Амон Қаробоев дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-юми ноябр аз Русия гуфт, аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сипосгузор аст, ки қазияи духтарашро ба таваҷҷӯҳи шаҳрдори Душанбе расонид ва таҳқиқи қазия шуруъ шуд.

Сарчашма: ​ozodi.org​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.