расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Абдурозиқ дар Сербия тоҷикона рақсиду суруди Муборакшоро бозхонӣ кард - навор

. / Ҷомеа

Абдурозиқ дар Сербия тоҷикона рақсиду суруди Муборакшоро бозхонӣ кард - навор

 Абдурозиқ, блогер ва овозхони тоҷик дар маросими ифтитоҳи 21 -умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс иштирок кард.
Ӯ на ба ҳайси муштзан, балки бо ду суруд, ки яке бо забони туркӣ ва дигаре суруди овозхони зиндаёди тоҷик, Муборашко Мирзошоев мебошад, рӯи саҳнаи калон баромад ва сурудхонӣ карду хуб рақсид.
Навори сурудхонии Абдурозиқ дар Белградро худи ӯ низ дар сафҳаи Instagram  нашр намудааст.
Абдурозиқ дар баробари овозхонҳои дигари муваффақ ба мисли Олга Бузова ва Милошем Бикович суруд хонд.
Қобили зикр аст, ки 21-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорон аз 24 октябр то 6 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Белград баргузор мешавад.
Дар ин мусоблиқа варзишгарони панҷ қитъа иштирок мекунанд. Бори аввал муштзанҳо барои медалҳо дар 13 вазн, ки аз ҷониби Шӯрои директорони Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорони AIBA моҳи июли соли 2021 тасдиқ шуда буданд, мубориза мебаранд.
Фонди ҷоиза чунин аст: қаҳрамонҳои ҷаҳон ҳар кадом 100 000 доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 2,6 миллион долларро ташкил медиҳад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.