расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲ СОЛИҲОВ ДАР ИСТАНБУЛ. ӮРО ҲАМЧУН ҶАНГИИ ДОИШ ИНТЕРПОЛ МЕҶУСТ (9 АКС+ ВИДЕО)

. / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН СОЛЕҲ СОЛИҲОВ ДАР ИСТАНБУЛ. ӮРО ҲАМЧУН ҶАНГИИ ДОИШ ИНТЕРПОЛ МЕҶУСТ (9 АКС+ ВИДЕО)

Расонаҳои Туркия рӯзи 14 апрел аз боздошти 11 нафар дар Истанбул дар ҷараёни як амалиёти вижаи пулис ба зидди афроди марбут ба созмони террористии ДОИШ хабар доданд.  Ин амалиёт дар 19 суроға дар 10 ноҳияи Истанбул баргузор карда шудааст.
Дар ҷараёни амалиёт, бино ба гузоришҳо, шаҳрванди Тоҷикистон Солеҳ Солиҳов низ дастгир шудааст. Солиҳов бо дархости мақомоти Тоҷикистон тавассути Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмила
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳанӯз бо дархости онҳо дар Туркия боздошт шудани Солеҳ Солиҳовро шарҳ надодаанд ва ҳанӯз рӯшан нест, ки ӯ мушаххасан ба чӣ айбдор мешавад?
Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 2 ҳазор нафар аз зодагони ин кишвар ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафта, ба саффи созмонҳои ифротию террористие, ба мисли ДОИШ пайвастанд. Туркия ва Истанбул як масири асосии сафари ҷангиёни хориҷии ДОИШ ва гуруҳҳои дигари террористии мустақар дар Сурияву Ироқ ба шумор меравад.
Вақтҳои охир, баъди шикасти сахти ДОИШ дар Сурияву Ироқ, ҷангиёни он боз ҳам тавассути Туркия талош доранд ба кишварҳои худ баргарданд.
Видеои боздошти ҷангиёни ДОИШ дар Истанбулро метавонед аз ин ду суроға пайдо ва тамошо кунед:

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.