расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти зани 45-сола барои лату кӯби шавҳар

. / Ҳаводис

Боздошти зани 45-сола барои лату кӯби шавҳар

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 45-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 29-уми марти соли 2021, тахминан соати 19:30-дақиқа, бинобар муноқишаи оилавии ба миён омада, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо шавҳараш марди 79-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро якчанд маротиба бо бел ва каланд ба узвҳои баданаш задааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳти №130 аз 30-юми марти соли равон ҷароҳати бардоштаи номбурда зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати зани гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.