расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷоизаи имсолаи Бердиеваро Гулнора Амиршоева соҳиб шуд

. / Ҷомеа

Ҷоизаи имсолаи Бердиеваро Гулнора Амиршоева соҳиб шуд

Ин ҷоиза ҳамасола ба занҳои рӯзноманигоре дода мешавад, ки дар рушди рӯзноманигории тоҷик саҳм мегиранд.

Сурат: Амриддин Олимов/Радиои Озодӣ
Ҷоизаи имсолаи ба номи Бӯринисо Бердиева аз сӯйи "Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон" ба Гулнора Амиршоева, сардабири "Вечерка" дода шуд. Ин ҷоиза ҳамсола ба занҳои рӯзноманигори тоҷике дода мешавад, ки дар рушди рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифтаанд.
Бино ба гуфтаи "Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон" имсол барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза 28 бонуи рӯзноманигор аз расонаҳои гуногуни Тоҷикистон сабқат кардаанд.
Ҳамчунин ба ҷуз ҷоизаи Бӯринисо Бердиева, дар ин рӯз аз сӯйи ин ниҳоди рӯзноманигорӣ ба Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори нашрияи "Фараж", Даря Христалюбова, ровии радиоия "Азия плюс", Мафтуна Шокирова, хабарнигори телевизиони "СМ1" ҷоизаҳои ифтихории беҳтаринҳо дар соҳаи худро соҳиб шуданд.
Барои эҷоди матолиби муфиду фазои мусоиди иттилоотӣ рӯзноманигороне чун Сарвинози Руҳулло, Заррина Абдуназарова, Зулфия Голубева, Анна Мирзоева, Дилноза Қуддусова, Муҳайе Нозимова, Саида Раҳимова, Холбибӣ Эшонбоева, Шоира Тоирова, Маҳина Давлатова, Махфират Шоимова, Наврӯзмо Вазирбекова, Саҳобахон Ҷӯраева, Саодат Усмонова, Шаҳло Эшонова, Лутфия Эшонқулова, Эллина Ким, Нигина Мамадҷонова, Фархунда Файзуллоева, Таҳмина Мисробӣ, Нозанин Усмонова, Симин Ҳусейнова, Азиз Алишерзода, Алия Ҳамидуллина ва Фарангис Мирдадоева низ соҳиби диплом шуданд. 
Ҷоизаи Бӯриниссо Бердиева ягонаи ҷоизаи ихтисосии бонувон дар бахши рӯзноманигорӣ аст, ки дар гузашта онро рӯзноманигорони маъруфе чун Адолати Мирзо ва Ҳуринисо Ализода ба даст овардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.