расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

. / Ҳаводис

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 08:45-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қараев Баҳриддин Равшанович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Вашгири ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи М.Маҳмадалиев ба самти кӯчаи Кари Манн дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №100-и кӯчаи М.Маҳмадалиев, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард, Абдуғаниева Савсан Маҳмадсодиқовна, соли таваллудаш 1977, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Абдуғаниева С.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, соанаи 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиелло”, Муллоев Фирӯз Икромович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳияи Кушониён ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагарди хӯрдсол, Рамазонӣ Ҳамза, соли таваллудаш 2012, сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахшро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди хӯрдсол, Рамазонӣ Ҳ., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи автомашинаи мусофиркашии тамғаи “MAN Fortuna”, ки ба ширкати Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Холдинг Осиё гурӯҳ Тоҷикистон” тааллуқ дорад, таҳти идораи Элназаров Хуршед Хоҷаевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Душанбе қарор дошта ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард, Сафоев Бӯрӣ Авлиёевич, соли таваллудаш 1955, сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Сафоев Б.А., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи, 15-уми феврали соли 2021, тахминан соати 09:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Дайво-Нексиа”, Сулаймон Исломӣ Неъмониён, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонбахти ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард, Қутбиддинова Умеда Меликовна, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Қутбиддинова У.М., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.