расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Русия аввал Тоҷикистонро месанҷаду баъд парвозҳоро иҷоза медиҳад

. / Сиёсат

Русия аввал Тоҷикистонро месанҷаду баъд парвозҳоро иҷоза медиҳад

Ин тасмимро Русия баъди дархости сарвазири Тоҷикистон барои аз сар гирифтани парвозҳо гирифтааст.

Сурат: Asia-Plus
Русия аввал вазъи Тоҷикистонро месанҷаду баъд тасмимашро дар мавриди дубора барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар эълон хоҳад кард. Ин тасмимро ҳукумати Русия пас аз дархости Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикситон барои барқарор кардани парвозҳо гирифтааст, иттилоъ медиҳад котиботи ҳукумати Русия
Гуфта мешавад, ки дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” барои санҷидани вазъи Тоҷикистон, зимни ҷаласаи комссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия созиш ҳосил шудааст.
Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро баҳогузорӣ хоҳад намуд.
“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”, - таъкид кардааст ҳукумати Русия.
Ин пешниҳоди Маскав дар ҳоле аст, ки ахиран Душанбеи расмӣ бо таъкиди ба хуб шудани вазъи эпидемиологӣ аз Маскав дархост кард, ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар барқарор шаванд, ки моҳи марти соли гузашта дар замони пандемия мутаваққиф шуда буданд.
Ҳоло миёни Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд, ки ба берун бурдани шаҳрвандони ду тараф аз кишварҳои ягдигар машғуланд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.