расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » РОНАНДАИ БЕИНСОФ МӮЙСАФЕДИ 60-СОЛАРО БО МОШИН ЗЕР КАРДУ...

. / Ҳаводис

РОНАНДАИ БЕИНСОФ МӮЙСАФЕДИ 60-СОЛАРО БО МОШИН ЗЕР КАРДУ...

Ронандае, ки дар ҳудуди роҳи шаҳри Хуҷанд пиёдарди 60-соларо пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, дастгир шудааст...
Рафоил Бобоев, сокини 36-солаи деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан субҳи рӯзи 1-уми феврал ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди маҳаллаи 34-и Хуҷанд бо микроавтобуси тамғаи Газел сокини деҳаи урметани ноҳияи Айнӣ Мирзоҳомид Абдулҳаёеви 60-соларо пахш намуда аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. “Ронанда ба ҷойи расонидани ёрии таъҷилӣ ба пиёдагард, баръакс барои пинҳон намудани кирдори худ аз маҳалли ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ пирамарди пиёдагард Абдулҳаёев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”, - гуфт корманди БДА. Кормандони милитсия зимни корҳои ҷустуҷӯӣ ин ҷиноятро ба зудӣ ошкор намуда, шахсияти ронандаи фирориро муайян ва Рафоил Бобоевро дастгир карданд. Ҳоло нисбати Бобоев бо моддаи 212 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаи нақлиёт) ва 127 қисми 2 (дар хатар монондан)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.