расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ба ҳалокат расидани ронандаи мототсикл дар натиҷаи бархӯрд бо “Опел-Астра»

. / Ҳаводис

Ба ҳалокат расидани ронандаи мототсикл дар натиҷаи бархӯрд бо “Опел-Астра»

Рӯзи 27-уми январи соли 2021, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ибодов Ҳабибулло Хоҷамқулович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Фархор аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба мототсикли дучархаи тамғаи «Супер-Алмаз», бе рақами қайди давлатӣ, таҳти идораи Юсуфов Муҳиддин Тағоевич, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати шаҳраки Фархор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Юсуфов М.Т ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.