расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Номардии боз як «мард»

. / Ҷомеа

Номардии боз як «мард»

Бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда, гумонбаршаванда аз ҷабрдида дар якчанд лаҳза ба маблағи умумии 13 ҳазору 510-сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад,ки марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ба ШВКД шаҳр шикоят бурдааст, ки марди 27-солаи сокини ҳамин ҷамоат бо духтараш, ҷавонзани 24-сола, муддати 6-моҳ муносибати ошиқона доштааст.
Дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад, ки зимни баргузор намудани…
Манбаъ таъкид доштааст, ки аз ҳамин сабаб аз охирҳои моҳи августи соли 2020 то инҷониб бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда, гумонбаршаванда аз ӯ дар якчанд лаҳза ба маблағи умумии 13 ҳазору 510-сомонӣ талаб карда гирифтааст.
“Санаи 4-уми январи соли 2021, номбурда ба ҷабрдида тариқи телефони мобилӣ занг зада, бо мақсади дар шабакаҳои интернетӣ паҳн накардани маводҳои бадномкунандааш аз ӯ маблағи 18 ҳазор сомонӣ талаб карда, дар вақти гирифтани 1 ҳазору 500-сомонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд”, — қайд кардааст ВКД-и Тоҷикистон.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.