Боздошти ноболиғи 17-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 60-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки шаби 27 ба 28-уми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 44 қутии сигори тамғаи “Ченч”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.