Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи директори ҶДММ «Орзуи нав»

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон алайҳи директори  ҶДММ «Орзуи нав» бо ҷурми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза зани 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2013, директори фирмаи ҶДММ “Орзуи нав”, марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 89 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш манзили истиқоматӣ аз бинои навсохташуда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Манбаъ мегӯяд, инчунин номбурда моҳи июни соли 2013 аз соҳибкор, марди 48-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 250 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

«Айни замон оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад».

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон