расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Қирғизистон марҳилаи II тарҳи "Шаҳри бехатар"-ро амалӣ мекунанд

. / Ҷомеа

Дар Қирғизистон марҳилаи II тарҳи "Шаҳри бехатар"-ро амалӣ мекунанд



Дар Қирғизистон амалисозии марҳилаи дувуми тарҳи "Шаҳри бехатар" шуруъ шуд, ки тамоми кишварро фаро мегирад.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, рӯзи 21 август дастгоҳҳои тарҳи "Шаҳри бехатар" барои санҷиш дар пойтахти он кишвар шаҳри Бишкек насб шуданд.
Ба иттилои мақомот, марҳилаи дувуми тарҳ саросари кишвар: 7 вилоят, 2 шаҳри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 15 шаҳри сатҳи вилоятиву ноҳиявӣ, 73 минтақаи аҳолинишинро фаро мегирад. Дар доираи марҳилаи дувуми тарҳ насби наздики 3 ҳазор дурбини назоратӣ дар 306 нуқта дар назар аст.
Моҳи октябри соли гузашта мақомоти Қирғизистон бо ширкати чинии Shenzhen Sunwin Intelligent Co. Ltd барои амалисозии марҳилаи дувуми тарҳи "Шаҳри бехатар" созишнома имзо карданд. Ширкати чинӣ бо пешниҳоди 38 млн доллар барои амалисозии тарҳи мазкур дар тендер пирӯз шуд. Ширкат вазифадор шудааст, ки дар 12 моҳ тарҳро иҷро кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.