расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Кадом кӯчаҳои Душанбе рӯзи 7-8 сентябр баста мешаванд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Кадом кӯчаҳои Душанбе рӯзи 7-8 сентябр баста мешаванд?

Шаҳрдории Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонидааст, ки 7-8 сентябри соли равон, аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ ва С. Носири пойтахт маҳдуд мегардад

Маҳдудияти воситаи нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки 8 сентябр бахшида ба он барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ҷорӣ карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки дар ин давра воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Раёсати БДА ВКД кишвар аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намоянд ва аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.