расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сироҷиддин Фозилов якумара тарки саҳна кард (НАВОР)

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Сироҷиддин Фозилов якумара тарки саҳна кард (НАВОР)


Ҳунарманди маъруф ҷашни милод дорад
Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати тоҷик, овозхони маъруф ва маҳбуб Сироҷиддин Фозилов ҷашни милод дорад. Сироҷиддин аз зумраи он ҳунармандони ангуштшуморест, ки солҳои 2000-ум дар эстрадаи тоҷик инқилоби ҳунарӣ барпо карда буданд...
Ин ҷавонмарди бо нангу номус мегӯяд, сабаби ба овозхонӣ ҷиддан рӯ оварданаш аз ҷониби сарояндагони эрониву афғонӣ як навъ забт шудани фазои ҳунарии Тоҷикистон буд. Сироҷиддин Фозилов Гугуш, Муин, Сиёвуш, Мартик, Аҳмад Зоҳир, Сароҳанг, Ношинос, Маҳваш ва дигар ситораҳои Шарқро устодони худ меҳисобад, вале бар он назар аст, ки ҳар як миллат бояд ҳофизони худ ва таронаҳои миллии худро дошта бошад.
Дар ҳақиқат то солҳои 2000-ум мардуми тоҷик бештар оҳангу сурудҳои эрониву афғони гӯш мекарданд, вале ба сони рангинкамоне, ки баъди борон рухи зебояшро намоён месозад, якбора рӯйи саҳна омадани Сироҷиддин Фозилов, Зикруллоҳ Ҳакимов, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ ва Манижаи Давлат барин ҷавонони пурҳунар, ки яке аз дигаре ширинтар месуруданд, таваҷҷӯҳи ошиқони савти наворо ба мусиқии эстрадии тоҷик афзун гардонда, парастиши сарояндагони бегона коста гардид. Ин 5 ҳунарманд ба сони 5 ситораи дурахшоне буданд, ки бо ҷилои ҳунари худ осмони санъати тоҷикро мунаввар гардониданд. Дертар ба қатори ин ситораҳо Шабнами Сурайё ворид гашта, минбаъд бо вуруди ҳар як ҳунарманди ҷавон санъати тоҷик боз ҳам бойтару рангинтар мегашт, аммо...
Дар ин миён Садрирддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Сироҷиддин Фозилов ва Манижаи Давлат мақоми хос доштанд ва натанҳо мардуми оддӣ, балки қишрҳои болоии ҷомеа низ ба ҳунари эшон эҳтироми хосеро қоил буданд.

Боре дар як чорабинии хеле баландпоя худи Пешвои миллат Сироҷиддин Фозиловро ба наздаш хонд ва дар гӯшаш чизе гуфт. Таваҷҷӯҳи сарвари давлат ба ин овозхони ҷавон аз назари кунҷковонаи журналистон дур намонда, гӯшакии президен бо Сироҷиддин дарҳол ба мавзуи марказии расонаҳо табдил ёфт ва шӯҳрати овозхони ҷавон ба авҷи аълояш расид, аммо...
Тахминан солҳои 2008-2009 Сироҷиддин Фозилов якбора аз саҳна дур ва камнамо шуда монд. Овозаҳо атрофи номи ин ҳунарманди ҷавон ва боистеъдод гуногун буданд, вале дертар худи Сироҷиддин Фозилов ба ба ин мавзӯъ нуқта гузошта гуфт, дилаш аз санъат сард гаштааст ва рӯ ба тиҷорат овардааст, аммо...
Меҳри ҳунар бо шири модар дар рагу пайвандаш маъво гирифта буд ва хушбахтона Сироҷиддинро ҳамин меҳр дубора ба саҳна овард.
Сироҷиддин Фозилов дар баробари ҳунарманди асил буданаш ҳамчунин беҳтарин инсон аст, аз ҳамин хотир аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ин марди ҳунарро бо ҷашни мавлуд муборакбод гуфта, барояш тани сиҳату хотири шод, бахту иқболи баланду хонаи обод ва парвозҳои баланди эҷодиро таманно доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.