расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳаҷ-2022 баргузор мешавад ё на? Посухи Кумитаи дин

. / Ҷомеа

Ҳаҷ-2022 баргузор мешавад ё на? Посухи Кумитаи дин

Баргузории ҳаҷҷи фарзӣ дар соли ҷорӣ то ҳол дар як вазъи номуайян қарор дорад

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дақиқан маълум нест, ки зоирони тоҷик кай имкони зиёрати хонаи Худоро пайдо мекунанд.

Давлатзода Сулаймон Пирхон дар нишасти матбуотияш гуфт, Тоҷикистон ҳамоно мунтазири посухи ҷониби Арабистони Саудӣ аст.

«Дар масалаи ҳаҷҷи фарзӣ то ҳол аз ҷониби Арабистон ягон намуд даъватнома ба кумита нарасидааст. Дар кадом сурат баргузор шудани он ва теъдоди зоирин бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ ва дар асоси хости кишвари мизбон сурат мегирад», — гуфт Давлатзода.


Ба иттилои манбаъ, кумитаи ҳанӯз аз соли 2020 корҳои омодагиро барои сафарбаркунии зоирин баррасӣ ва ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолиро ба шаҳру навоҳӣ фиристода буд, ки тасдиқ гардид.

Аммо бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ин сафар сурат нагирифт.

Ин ниҳод мегӯяд, дар сурати баргузории сафари ҳаҷ нахуст ба онҳое имтиёз хоҳанд дошт, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.


Сарчашама:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.