расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » "Хост аз телефон оҳанги навашро нишон диҳад": Чаро Дамирбек аз гардиш ғофил монд?

. / Ҷомеа

"Хост аз телефон оҳанги навашро нишон диҳад": Чаро Дамирбек аз гардиш ғофил монд?

Садамаи маргбори Дамирбек Олимов, овозхони шинохтаи тоҷик, аз пубаҳстарин мавзуъҳои рӯзҳои охири Тоҷикистон боқӣ монда, бархе тафсилоти расмию ғайрирасмии ин фоҷиа пайдо шуданд

Дар ҳоле, ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи садамаи маргбори овозхон, Дамирбек Олимов идома дорад, бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои сар задани фоҷиаро баён доштанд.

Масъуда Акилова, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шаҳри Хуҷанд, ки зоҳиран аз қавли шоҳидони айнии он садамаи мудҳиш суҳбат мекард, бархе овозаҳо дар мавриди сархушии Дамирбекро рад намуд.

Акилова навиштааст, ки он рӯз се ҳунарманд дар мошин саргарми суҳбат дар роҳ буданду консерти дар нақшадоштаашонро баррасӣ менамудаанд.

«Дамирбек аз албоми наваш мегӯяду бо шавқ мехоҳад аз телефони мобилӣ оҳанги навашро ба ҳамроҳон нишон диҳад. Машғул бо телефон аз гардиши сари роҳ бехабар мемонад. Мошин чаппагардон мешавад», — навиштаст фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Расман ин иттилоъ ҳанӯз таъйид нашудааст. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон танҳо иттилоъ доданд, ки ҳодиса 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00 сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Honda CRV», Олимов Дамирбек, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд — Сомғор, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучори садама шудааст.

Таъкид мешавад, ки овозхони шинохта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.