расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ҳудуди шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода

. / Ҳаводис

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ҳудуди шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода

Рӯзи 6-уми феврали соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Расулов Зафар Абдулфайзович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Абдувосиеви шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти деҳаи Чиламазор, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Абдувосиев аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Муродов М.Ҳ., сокини 22-солаи шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Рӯзи 7-уми феврали соли 2021, тахминан соати 14:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2110», Раҷабов Исломҷон Абдурасулович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т.Тӯйчиеви шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, дучархарон Худоёров С.М., сокини 52-солаи ҷамоати деҳоти Т.Тӯйчиевро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Худоёров С.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.