Саҳми ҳадафҳои рушди устувор дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ

ДУШАНБЕ, 08.12.2016. Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар 7 декабр дар доираи ҳамкории барномавӣ бо муовини Директори Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии барномаҳо Сара Пул вохўрд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Қосим Роҳбар дар вохӯрӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба рушд дар моҳи июни соли равон заминаи асосӣ ҳисобида, ҳадафҳои рушди устуворро дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ аз муҳимтарин барномаи стратегӣ арзёбӣ намуд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки Кумитаи рушди маҳал дар татбиқи барномаи ҳадафҳои рушди устувор бо назардошти таҳияи методология оид ба муайян сохтани нишондиҳандаҳо ва баҳодиҳии фаъолияти мақомоти иҷроия саҳми худро мегузорад.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон