НАТО ба эътилофи зидди ДИИШ ҳамроҳ мешавад


Сарбозони НАТО

Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Йенс Столенберг рӯзи 25 май гуфт, ки кишварҳои узви НАТО барои иштироки ин сохтор дар мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ризоят доданд.

"Ин пайғоми сиёсӣ ва мустаҳками НАТО дар роҳи мубориза бо терроризм хоҳад буд"- гуфт Столенбер қабл оғози нишасти раҳбарони 28 кишвари узви Паймони Атлантики Шимолӣ дар Брюссел.

Кишварҳои узви НАТО ҳоло ҳам дар алоҳидагӣ ба эътлофе шомил ҳастанд, ки дар Сурия ва Ироқ алайҳи ДИИШ мубориза мебарад.

Нишасти рӯзи 25 май ба ду мавзӯи умда тамаркуз мекунад: Созиши 28 кишвари узв дар масъалаи ҳазинаҳои дифоӣ ва мубориза бо терроризм дар пасманзари ҳамлаи террористии рӯзи 22 май дар Манчестери Британия, ки 22 нафарро қурбон кард.

Столенберг ҳамчунин гуфт, ки НАТО барои тарҳи амалиётии муборизаи беҳтар бо терроризм дар Аврупо ва таъини ҳамҳангсози амалиётҳои зидди терроризм мувофиқа кардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон