расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз 26 млн зиёд шуд

. / Ҷомеа

Теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз 26 млн зиёд шуд

теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз марзи 26 млн убур намуд. Ин маълумотро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) овардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
То ҳолати субҳи имрӯз теъдоди сироятёфтагон аз COVID-19 ба 26 млн 183 ҳазору 946 нафар расида, 867 ҳазору 370 тан ҷон бохтааст ва 18 млн 447 ҳазору 852 нафар шифо ёфтаанд.
Теъдоди бештари сироятёфтагон дар ИМА — зиёда аз 6,2 млн, Бразилия — 4 млн ҳолат сабт шудааст, дар Ҳиндустон — бештар аз 3,8 млн ва дар Россия зиёда аз 1 млн нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави сироятёбӣ  аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии сироятёфтагон дар давраи аз 30 апрел то 2 сентябр ба 8654 нафар расидааст. Дар ҷумҳурӣ 7447 нафар ё 86,1% -и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар айни ҳол, аз COVID-19 69 тан ҷон бохтааст, хабар дода буд дирӯз АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.