Ҳалокати 4 касу ҷароҳатгирии 5 нафар аз садамаи нақлиёт
Садамаҳои нақлиёт рӯзи якшанбе дар роҳҳои кишвар рух доданд.
Сурат: Акси марбута
Бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки рӯзи 6 декабр дар роҳҳои ҷумҳурӣ рух дод, 4 кас ҳалоку 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота” сокини 19-солаи шаҳри Душанбе дар қаламрави деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахт бармехӯрад.
Дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофирзани 28-солаи он - сокини шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.
Боз 4 нафар мусофирони дигари автомашина, аз ҷумла 2 нафар кӯдакон ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар роҳи мошингарди Тоҷикобод-Лахш ронандаи автомашинаи тамғаи KIA, сокини 42-солаи ноҳияи Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарӣ сарозер мешавад.
Дар натиҷа мусофирзани 56-солаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ва ронанда аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ҳалок шудаанд. Боз як мусофири дигари автомашина ҷароҳат бардоштааст.