расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Агентии зидди коррупсия Сафароваро боздошт кард

. / Ҷомеа

Агентии зидди коррупсия Сафароваро боздошт кард


Кормандони Агентии зидди фасод, Сафарова Латофат Саъдиевнаро боздошт намуданд, ки дар фиреби як зан муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ,номбурда дарвазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор мекард. Ӯ бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49 ҳазору 300 сомониро талаб карда гирифта буд. Манбаъ меафзояд, Сафарова маблағи мазкурро гирифта ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.
Ҳоло нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.