расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СКИНҲЕДҲО БОЗ ПАЙДО ШУДАНД? СИЛСИЛАИ ҲАМЛАҲО БА КУРЕРИ ТОҶИК ВА 5 МУҲОҶИРИ КӮЧАРӮБ ДАР ПЕТЕРБУРГ

Асосӣ / Муҳоҷир

СКИНҲЕДҲО БОЗ ПАЙДО ШУДАНД? СИЛСИЛАИ ҲАМЛАҲО БА КУРЕРИ ТОҶИК ВА 5 МУҲОҶИРИ КӮЧАРӮБ ДАР ПЕТЕРБУРГ

СКИНҲЕДҲО БОЗ ПАЙДО ШУДАНД? СИЛСИЛАИ ҲАМЛАҲО БА КУРЕРИ ТОҶИК ВА 5 МУҲОҶИРИ КӮЧАРӮБ ДАР ПЕТЕРБУРГ 
Пулиси ноҳияи Маскав шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 25 декабри соли 2023 аз боздошти чор навраси синну солашон аз 14 то 15-сола бо иттиҳоми ҳамлаи беасос ва латтукӯби курери 26-солаи зодаи Тоҷикистон хабар дод. Нимаи дуюми рӯзи 24 декабр, наздики соати 16 як шарванди 26-солаи Тоҷикистон ба пулис муроҷиат карда, хабар дод, ки ӯ ба ҳайси курер кор мекунад ва ҳангоми ба бинои №17 дар хиёбони Витебск бурдани фармоиши навбатӣ, чор наврас бе ягон асос ба ӯ ҳамла оварда, латтукӯбаш карданд. Дар сабти видеокамераи назоратӣ аз ҷои ҳодиса дида мешавад, ки наврасон курерро зери борони мушту лагат мегиранд ва вақте ҷавон каме ба худ омада, онҳоро меронад, аввал каме мегурезанд, вале ду нафараш баъди чанд лаҳза боз ба ҷавон ҳуҷум карда, ин дафъа аз силоҳи газӣ ба рӯи ӯ мепарронанд.
Дар бораи ангезаҳои ҳамла ба курер ҳанӯз чизе маълем нест. Вале рӯзҳои охир дар Русия як силсила ҳамлаҳо ба зидди муҳоҷирони корӣ аз ҷониби нааврасон дар заминаи ақидаҳои миллатгароёна сурат гирифтанд. 
Аз ҷумла Телеграм-канали Mash на Мойке  тоза рӯзи 24 декабр аз боздошти се навраси дигар дар ҳамин шаҳри Петербург хабар дод, ки дар байни як ҳафта ба дастикам 5 муҳоҷири роҳрӯб (дворник) дар ҳудуди ноҳияи Калинин ҳамла карда, лаҳзаҳои  латтукӯби кӯчарӯбҳоро ба навор гирифта, дар як канали вижа дар Телеграм нашр мекарданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.