Ҷашни Наврӯз дубора мақоми мероси ғайримоддии ҷаҳониро сазовор гардид

Ҷашни байналмилалии Наврӯз боз ҳам мақоми Мероси ҷаҳонии инсониятро ба даст овард.

Қарори пазируфтани Ҷашни Наврӯз ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ 30-юми ноябри соли равон дар 11-умин Ҷаласаи Муассисаи илм ва фарҳанги СММ, ки дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия ҷараён дорад, қабул гардид. Тибқи иттилои сомонаи 1news.az ин навбат ба хотири ворид гардидан Ҷашни Наврӯз ба феҳристи Мероси ғайримоддии Юнеско дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон пазируфта шуд. Дар ҷаласаи ин созмон, ки он то 2 декабр идома меёбад, намояндагони созмони мазкур гуфтанд, Наврӯз, ин ҷашни бостонии мардуми шарқ таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад. Хотиррасон мешавем, ки моҳи феврали соли 2010-ум бо пешниҳоди Тоҷикистон ва як зумра кишварҳои дигар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин нишасти ин созмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард. Наврӯз иди миллии мардумони Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва миллату қавмҳои дигар дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик аст, ки ҳар сол рӯзҳои 21-22 март ҷашн гирифта мешавад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон