расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 5 ЗАН, 7 ХОНА, 1400 САР ЧОРВО, 91 САР АСПУ 19 УШТУР... МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 300 КИЛО ҲЕРОИН АЗ НАРКОМАФИЯИ АННА-ЧОВАНДОЗ

Асосӣ / Ҷомеа

5 ЗАН, 7 ХОНА, 1400 САР ЧОРВО, 91 САР АСПУ 19 УШТУР... МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 300 КИЛО ҲЕРОИН АЗ НАРКОМАФИЯИ АННА-ЧОВАНДОЗ

5 ЗАН, 7 ХОНА, 1400 САР ЧОРВО, 91 САР АСПУ 19 УШТУР... МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 300 КИЛО ҲЕРОИН АЗ НАРКОМАФИЯИ АННА-ЧОВАНДОЗ 
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бо нашри як гузориши вижаи телевизионӣ аз мусодираи беш аз 300 кило маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин ва боздошти 7 узви гуруҳи қочоқбари фаромиллӣ ба раҳбарии Ҳамроев Азамат, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Юлдош Ашӯров дар канори шаҳри Турсунзода, ки қаблан Болтаев Анна Ҳамроевич ном дошт ва бо лақаби Анна-Човандоз маъруф аст, хабар дод. Аъзои ин шабакаи наркомафия маводи мухаддирро дар як устохонаи махсус бо истифода аз таҷҳизоти вижа дар дохили полиэтилен чунон пресс карда, ҷо мекарданд, ки он ба тахтапора монанд мешуд ва ягон саги бӯгир ё таҷҳизоти ҷӯяндаи маводи мухаддир онро пайхас намекард, чунки бӯяш аз дохили полиэтилен аслан берун намеомад. Наркобарон Анна-Човандоз соҳиби 5 зан, 7 манзили истиқоматӣ, чанд рамаи иборат аз 1200 сар чорвои хурд, 91 сар асп, аз ҷумла 15 сар аспи бузӣ, 19 уштур, 11 мошини сабукраву боркаш, 6 фермаи чорводорӣ, қариб 6 ҳазор гектар замин, 7 бинои сохтмонаш нотамом, ду мағозаи фурӯши либос ва як мағозаи фурӯши ҷавоҳироти тиллоӣ, 15 кило тилловорӣ доштааст. Анна-Човандоз ҳамчунин дар ҳудуди шаҳрҳои Тверу Қазони Русия як ферма бо 200 сар чорвои калон ва 5 қассобхона, дар Ӯзбекистон як корхонаи ламинат ва манзили пуршукӯҳу гаронбаҳо доштааст.
Аммо дар ин қазия як чиз рӯшан нест, ки чаро бо онки як шабакаи бузурги наркомафия беш аз 10 сол боз фаъолият дошта, соҳиби ин қадар хонаву мошину чандин рама шудааст ва мақомот танҳо акнун фаъолияти онро тавонистаанд ошкор кунанд? Ва он ҳам дар Турсунзода, ки ба далели наздикиаш ба марзи Ӯзбекистон моломоли кормандони ниҳодҳои мухталифи қудратист?
Ба болои ин, наркобарони асосӣ чӣ гуна тавонистааст ба осонӣ ному насабаш аз Анна Болтаев ба Азамат Ҳамроев иваз карда, соҳиби шиносномаи нав ҳам шавад?

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.