расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРГУЗАШТИ МУАРРИХИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ПРОФЕССОР УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАРГУЗАШТИ МУАРРИХИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ПРОФЕССОР УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ

ДАРГУЗАШТИ МУАРРИХИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ПРОФЕССОР УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ
Муаррихи шинохтаи тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров рӯзи 27 октябри соли 2023 дар синни 78 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги олими маъруф чизе гуфта нашудааст. 
Шаҳрдории Хуҷанд, ки профессор Ғаффоров шаҳрванди ифтихории ин шаҳр буд, дар номаи таслияташ навишт: “Устоди арҷманд, Усмонҷон Ғаффоров аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, фарзандони арзандаи миллат асарҳову мақолаҳои сершумор офаридааст. Мавсуф дар давраи фаъолияти илмӣ- педагогӣ ва адабӣ- ҷамъиятии худ 80 китоб, беш аз 1500 адад мақолаҳои публитсистӣ дар матбуоти даврӣ ва 300 адад асарҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расонидааст”.
Усмонҷон Ғаффоров аз соли 2001 то 2005 вакили маҷлиси вилоятӣ ва вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистон  буда, солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагон ва аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Барои хидматҳои арзанда дар ҷодаи илму фарҳанг ва маорифи кишвар У. Ғаффоров соли 1999 бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», соли 2013 бо унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Аз моҳи марти соли 2011 гирандаи нафақа барои хидматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз Усмонҷон Ғаффоров даҳҳо китоб ба ёдгор монд, ки муҳимтаринҳояш зиндагиномаи шахсиятҳои маъруфе, чун Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Лоиқ Шералӣ, Карим Абдулоев, академик Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ, академик Темурҷон Раҳимбоев, Сотим Улуғзода, Роҳбар Қосимов ва Ҳодӣ Кенҷаев мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.