расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ЧЕЛЯБИНСК ЯК МАРДИ ТОҶИК МАЪШУҚАИ РУСАШРО БО МАРДИ ДИГАР ДИДА, ӮРО 6 КОРД ЗАДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ДАР ЧЕЛЯБИНСК ЯК МАРДИ ТОҶИК МАЪШУҚАИ РУСАШРО БО МАРДИ ДИГАР ДИДА, ӮРО 6 КОРД ЗАДААСТ

ДАР ЧЕЛЯБИНСК ЯК МАРДИ ТОҶИК МАЪШУҚАИ РУСАШРО БО МАРДИ ДИГАР ДИДА, ӮРО 6 КОРД ЗАДААСТ
Шаби 5 августи соли 2023 як марди тоҷик дар як пивохона дар шаҳри Челябински Русия маъшуқаи собиқашро бо марди дигар дида, аз ғояти рашк ин зани маҳаллиро 6 корд задааст.
Нашрияи “74.ru”  аз қавли шоҳидон хабар дод, ки шаҳрвандрни Тоҷикистон аз мулоқоти маӯшуқаи собиқаш Оксана бо як марди дигар хабар ёфта, соати чори шаб ба як паб дар кӯчаи Энтузиастҳо омадааст. Дар инҷо байни ӯву Оксана муноқиша бархостааст ва марди тоҷик сари қаҳр он занро аз мӯяш кашола карда, корд баровардааст ва ӯро 6 зарбаи корд задааст. Баъди ин марди тоҷик аз ҷои ҳодиса фирор кардааст ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Оксанаро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд. Канали маҳаллии 31tv.ru хабар дод, ки табибон барои наҷоти ҷони Оксана талош доранд, вале пешбиниҳояшон чандон хушбинона нест: чанд узви бадани ин зан аз кор баромадааст ва ӯ ҳоло таҳти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ қарор дорад.
Бино ба фарзияҳои муқаддамотӣ, сабаби муноқишаи хунин рашк шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Оксана, ки чанде пеш аз марди тоҷик ҷудо шуда буд, он шаб бо як марди дигар пивонӯшӣ омада буд. Марди тоҷик аз ин хабар ёфта, ба паб омада, ӯро барои “хиёнат” ба чунин шева “ҷазо” додааст. Шоҳидон гуфтаанд, ки вақте марди тоҷик аз ҷайбаш корд баровард, он марде, ки Оксанаро ба мулоқот даъват карда буд, филҳол аз пивохона фирор кард ва дигар аз ӯ дараке нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.