расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Пешниҳоди ҳукми қатл барои хушунат нисбати кӯдакон дар Қирғизистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Пешниҳоди ҳукми қатл барои хушунат нисбати кӯдакон дар Қирғизистон


Гуруҳе аз вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки барои ҷиноят зидди масунияти ҷинсии кӯдакон ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Ин тарҳи қонун барои муҳокимаи умумӣ дар сомонаи порлумони Қирғизистон нашр шудааст.
Вакилон гуфтаанд, дар Қирғизистон ҷиноятҳои сангини марбут ба хушунат нисбати кӯдакон дар ҳоли афзоиш аст. Ташаббускорони тарҳи қонун мегӯянд, шаҳрвандони зиёде борҳо аз вакилон дархост карданд, нисбати касоне ҷазои сахт пешбинӣ шавад, ки ба кӯдакон хушунати ҷинсиро раво мебинанд.
"Ҳифзи ҳаёт ва сиҳатии кӯдакон дар марҳилаи кунунӣ бидуни таҳдиди ҷазои ҳадди ниҳоӣ ва ҷазои одилона номумкин аст", - омадааст дар шаҳри тарҳи қонун.
Дар мавриди хушунат нисбати кӯдакон омори расмӣ баёнгари воқеият нест, гуфтаанд вакилони порлумон. Ба бовари вакилон, хабарҳо дар бораи хушунати кӯдакон барои ҷомеа "оддӣ" шудааст.
Бештар аз 60 вакили порлумон изҳор доштаанд, ки аз тарҳи қонуни мазкур ҷонибдорӣ мекунанд.
Мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон пештар хабар доданд, ки дар 7 моҳи соли 2022 оид ба хушунат нисбати кӯдакон 39 парванда боз кардаанд.
Бино ба оморҳои расмӣ, дар соли 2021 нисбати кӯдакон 3034 ҷиноят содир шудааст, ки 500 ҷинояти он марбут ба хушунати ҷинсӣ аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.