расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор шудани истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ

. / Ҳаводис

Ошкор шудани истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ

Новобаста аз таъкиду муроҷиат ва таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумат ҷиҳати истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки нерӯи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкории он, ҳамзамон аз ҷониби гуруҳҳои корӣ, бахусус кормандони ВКД доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа дар ин самт, бархе соҳибкорон дидаву дониста ба таври ғайриқонунӣ, яъне бо роҳи дуздӣ аз неруи барқ истифода намуда, ба буҷаи давлат зарари калони моддӣ мерасонанд. 
Зимни доир намудани чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД муайян гашт, ки дар ҳаммоми хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев 112/2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мансуб ба соҳибкор Мусаввир Сафаров, истифодаи ғайриқонунӣ ва масрафшавии барзиёди неруи барқ ҷой дорад. Дар ҳаммоми мазкур гарчанде ҳисобкунаки барқӣ дар ҳолати корношоям қарор дорад, вале соҳибкор аз таҷҳизотҳои гармидиҳандаи баландшиддат барои гарм кардани ҳаммом фаровон истифода карда истодааст. Илова бар ин, талаботи бехатарӣ аз сӯхтор низ риоя намешаванд. Кабелу ноқилҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор дорад. Ба замми ин, дар ошиёнаи 2-юми ҳаммомхона 17-нафар донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ иҷоранишин мебошанд, ки барои гарм намудани ҳуҷраҳояшон аз асбобу таҷҳизоти гуногуни барқии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва берун аз ҳисобкунаки барқӣ васеъ истифода менамоянд. Барои муайян намудани он, ки чанд муддат мешавад соҳибкор берун аз ҳисобкунаки барқӣ неруи барқро истифода менамояд, корҳои санҷишӣ идома дорад.
Ба ҳамин монанд дар дукони нонпазии соҳибкор Ёқуб Ҳоҷаев, воқеъ дар кӯчаи Қазоқон-1-и ноҳияи Синои пойтахт ошкор карда шуд, ки барои омода намудани маҳсулоти нонӣ соҳибкор дар ду танури аз спиралҳои баландшиддат ва бе ҳисобкунаки барқӣ, яъне бо роҳи дуздӣ давоми чор моҳи охир истифода менамояд. Бар замми ин соҳибкор аз истифодаи неруи барқ, ки қаблан тавассути ҳисобкунак мекардааст, зиёда аз 5000 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
Ҳолатҳои дигари нигаронкунанда он аст, ки бархе соҳибкорон бо тарзу усулҳои нав, аз ҳар гуна асбобҳои техникӣ ҳамчун таҷҳизоти спирал истифода менамоянд, ки шиддатнокии он хеле баланд буда, масрафи барқ дар онҳо зиёд аст. Соҳибкор Холов Афзалшо дар дукони нонпазиаш, воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ 63/1-и ноҳияи Синои пойтахт барои омода намудани маҳсулоти нонӣ дар се танур аз спиралҳои худсохти баландшиддати барқӣ истифода менамоянд. Нобурда аз таҷҳизоти тролейбус ба таври сунъӣ спирал омода намуда, дар танурҳои нонпазӣ васл кардааст. Ҳолати мазкур ташвишовар буда, имкон дорад, ҳар лаҳза дар ноқилҳои барқӣ ҳодисаҳои сӯхтор ба амал ояд. Ҳамчунин соҳибкор аз маблағи истифодаи неруи барқ наздики 10 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
Чунин як ҳолати дигар дар дукони нонпазӣ, ки дар дохили Ҷаъмияти дорои масъулияташ маҳдуди «Раъно Трединг» воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдулоев 90-и ноҳияи Сино ба соҳибкор Низомова Ҷамила Мирзохуҷаевна мансуб мебошад, масрафи зиёд неруи барк ошкор карда шуд. Дар дукони мазкур барои омода намудани маҳсулоти нонӣ дар 2-адад танур таҷҳизоти худсохти барқи баландшиддат пайваст карда шудааст, ки талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дар огҳо умуман риоя намешаванд. Пайвасти кабелу ноқилҳои барқӣ дар дукони мазкур ба талабот ва қоидаҳои васлу насб ҷавогӯ набуда, эҳтимолияти хавфи сӯхтор дар онҳо мушоҳида мешавад. Инчунин барои гарм намудани об аз таҷҳизоти худсохти дар ҳолати садамавӣ қарордошта истифода менамоянд, ки истифодаи он барои ҳаёт ва саломатии кормандони коргоҳ хатарнок аст.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта нисбати соҳибони ин дуконҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, фаъолияти соҳибкориашон муваққатан қатъ карда шуд. Ҳамчунин қувваи барқ низ дар ин дуконҳо хомӯш гардид. Ҷиҳати пешгирии истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ гуруҳҳои корӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Шуҳрат Тағоймуродзода
СХДО ВКД ҶТ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.