расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ! ЯК МОДАРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ МУҲТОҶИ КУМАК ШУДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир / Ҳаводис

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ! ЯК МОДАРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ МУҲТОҶИ КУМАК ШУДААСТ

Як модари тоҷик аз шаҳри Волгогради Русия аз ҳамватанони дастбахайр дар остонаи моҳи шарифи Рамазон дархости кумак кардааст. Ин модар дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдоди” нақл кард, ки дар Волгоград бо пухтану ба муҳоҷирон фурӯхтани самбӯса ва дигар ғизоҳои миллии тоҷикӣ зиндагии худу фарзандонашро таъмин мекунад, вале зимистони имсол ба далели вазъи бади саломатиаш дар як вазъи хеле мушкил қарор гирифт ва кор карда натавонист.
Табобати дандонҳои ин модарро, ки ба иллати хунукӣ ӯро гирифтори як дарди ҷонкоҳ карда буданд, масъулони масҷиди Волгоград ба уҳда гирифтаанд.
“Аммо дар Русия агар як ҳафта кор накунӣ, аз ҳама ҷо қарздор мешавӣ. Ман қариб тамоми зимистон натавонистам кор кунам. Дар ин байн захирае, ки доштам, ҳамааш рафт. Ҳоло бояд 10 ҳазор рубл пули иҷораи хонаамро бисупорам, ки ин маблағро надорам. Аз мағозаи хӯроквории пеши хонаамон боз 10 ҳазор рубли дигар қарздор шудаам. Боз бояд тахтапуштамро ҷарроҳӣ кунам, ки пули онро ҳам, мутаассифона, дар даст надорам”, – нақл кард бо алам ин модар.
Ӯ пешниҳоди таҳияи видео дар бораи зиндагиашро қабул накард, вале аз ҳамватанон мехоҳад, ки агар дасташон бирасад, дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ба кумакаш бирасанд.
Барои маълумоти бештар Шумо метавонад ба худи ин модар бо ин рақам тамос бигиред:
+7 927 069-38-76
Онҳое, ки мехоҳанд ба ин модар кумак кунанд, метавонад ба корти бонкии “Мир” интиқол диҳанд:
2202 2061 9718 9116

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.