расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР НОРАК ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК ЗАН ДАР БОЗОРИ “ДЕҲҚОН”

Асосӣ / Ҷомеа

МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР НОРАК ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК ЗАН ДАР БОЗОРИ “ДЕҲҚОН”

МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР НОРАК ВА ДУЗДИИ ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК ЗАН ДАР БОЗОРИ “ДЕҲҚОН”
18-уми феврали соли 2024, тахминан соати 18:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мирзоев Муборакшо Азизуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Маҳмудшо Болтаевич, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Норакро пахш намудааст. Дар натиҷа, Қурбонов М.Б. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххххх
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 31-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:55, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар бозори «Деҳқон», воқеъ дар кӯчаи Гипропземи шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҷайбаш 200 доллари амрикоӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 14 Про Макс»-ро, ки арзишаш 13 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудаст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.