расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ХУҶАНД ДАР НИМИ РОҲ ДАР ФУРУДГОҲ САМАРА НИШАСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ХУҶАНД ДАР НИМИ РОҲ ДАР ФУРУДГОҲ САМАРА НИШАСТ

ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – ХУҶАНД ДАР НИМИ РОҲ ДАР ФУРУДГОҲ САМАРА НИШАСТ
Шаби чоршанбе, 22 ноябри соли 2023, ҳавопаймои мусофирбари ширкати русии “Уралские Авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Жуковский дар канори Маскав ба шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон парвоз мекард, ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Самара нишастааст. Дар ин бора Телеграм-канали Авиаинтсидент, ки ҳодисаҳои фавқулодда дар ҷараёни парвозҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод. Бино ба иттилои ин канал, соати 02:46 ба вақти Самара (01:46 ба вақти Маскав ва 03:46 ба вақти Тоҷикикистон) дар минтақаи диспетчерии Самара экипаж ба далели бад шудани аҳволи саломатии яке аз мусофирон тасмим гирифт, ки дар фурудгоҳи наздиктарин бинишинад. Аз ҳама наздик фурудгоҳи “Курумоч” дар канори шаҳри Самара буд. “Экипаж ҳамчунин хостори даъвати “Ёрии таъҷилӣ” ба фурудгоҳ шуд. Ҳавопаймо соати 02:26 бомуваффақият дар фурудгоҳи Самара нишаст. Ин ҳавопаймои “Эйрбус А 321” буда, ба ширкати “Уралские авиалинии” тааллуқ дошт ва дар хатсайри Жуковский – Хуҷанд парвоз дошт”, - гуфта мешавад дар хабар.
Тафсилоти дигар дода нашудааст. Маълум нест, ки мусофири парвози Маскав – Хуҷанд гирифтори чӣ беморие шудааст, ки ҳавопаймо дар ними роҳ маҷбур шуд, ки пойин шавад?
Дар вақтҳои охир ин алакай дастикам сеюмини ҳолати нишасти изтирории ҳавопаймоҳои мусофиркашест, ки аз Русия ба Тоҷикистон парвоз доштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.