расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶУСТУҶӮИ ҶАВОНИ 24-СОЛАИ ТОҶИК КАРОМАТУЛЛО АШӮРМАҲМАД БАРОИ КУШТАНИ ЯК ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА (АКС)

Асосӣ / Муҳоҷир

ҶУСТУҶӮИ ҶАВОНИ 24-СОЛАИ ТОҶИК КАРОМАТУЛЛО АШӮРМАҲМАД БАРОИ КУШТАНИ ЯК ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА (АКС)

ҶУСТУҶӮИ ҶАВОНИ 24-СОЛАИ ТОҶИК КАРОМАТУЛЛО АШӮРМАҲМАД БАРОИ КУШТАНИ ЯК ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА (АКС)
Дар вилояти Челябински Русия парвандаи қатли Антон Чашкин, сокини 32-солаи шаҳри Юрюзанро таҳқиқ мекунанд. Чашкин ҳангоми аз Украина ба рухсатӣ омаданаш ҷон бохт. Ташхиси тиббию додгоҳӣ ба хулосае омадааст, ки марги ӯ дар натиҷаи латтукӯб  ба вуқӯъ пайвастааст. Дар латтукӯби ин иштирокчии ҷанги зидди Украина муҳоҷири 24-сола аз Тоҷикистон Кароматулло Ашӯрмаҳмадро айбдор мекунанд. Кароматулло феълан таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст, вале ба эҳтимоли ғолиб, ба зудӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ низ қарор мегирад, чунки тафтишот эҳтимоли алакай тарки қаламрави Русия кардану ғолибан дар Тоҷикистон пинҳон шудани Кароматуллло Ашӯрмаҳмадро истисно намекунад.
Ҳодиса шаби 22 июли соли 2023 дар як бар дар шаҳри Юрюзан рух дод. Антон Чашкин, ки аз Украина ба рухсатӣ омада буд, дар бар муноқиша карда, ҷароҳати вазнин бардошт. Ба гуфтаи шоҳидон, Кароматулло Ашӯрмаҳмад, ки низ дар он бар буд, Антон Чашкинро “ишғолгар” (“оккупант”) номида, таҳқир кардааст. Баҳси онҳо ба кӯча кӯчид ва ба занозанӣ печид. Бар асари як зарбаи сахт Антон Чашкин ба замин афтод ва сараш ба асфалт бархӯрду ӯ аз ҳуш рафт. Чашкинро ба бемористон бурдаанд, вале табибон баъди дору кардану бо дока бастани захми сараш ӯро ҷавоб додаанд. Рӯзи дигар, яъне 23 июл аҳволи ӯ бадтар шудааст ва ин дафъа табибон сари Чашкинро ташхис карда, муайян кардаанд, ки косахонаи сари ӯ шикаста, мағзи сараш осеби ҷиддӣ дидааст. Чашкинро ба ҳолати комаи сунъӣ дароварданд, вале талошҳои табибон барои наҷоти ҷони ӯ натиҷа надод: Чашкин рӯзи 2 август дар ҳамон ҳолати кома аз дунё чашм пӯшид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.